Санаи 27 октябри соли 2026 дар шаҳри Давҳа мулоқоти якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Маҳмадалӣ Нурмурод Муродалӣ бо Раиси Анҷумани соҳибкорони Давлати Қатар - раиси Шӯрои директорони маҷмуи ширкатҳои “Файсал Ҳолдинг” Шайх Файсал ибни Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид.
26 октябри соли 2026 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ/ҳамраиси қисми тоҷикистонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ бо Вазири давлатии тиҷорати хориҷии Вазорати тиҷорат ва саноати Давлати Қатар/ҳамраиси қисми қатарии Комиссияи мазкур Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Саид баргузор гардид.
6 октябри соли 2026 дар доираи Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар мизи мудаввари вазирон, ки таҳти унвони «Соҳибкорӣ: сармоягузорӣ ба бунёдгарони оянда» баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Санаи 26 октябри соли 2026 дар доираи Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар шаҳри Давҳа Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар ҷаласаи мубоҳисавӣ оид ба ҳамгироӣ ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиши иловашуда ва ҳамоҳангсозии сиёсати тиҷоратию сармоягузорӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Санаи 26 октябри соли 2026 дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар шаҳри Давҳа мулоқоти якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Маҳмадалӣ Нурмурод Муродалӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии Мақомоти танзими фаъолияти хайриявии Давлати Қатар Сауд Муҳаммад Ал-Атба баргузор гардид.
Санаи 25 октябри соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар 9-умин Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ, ки таҳти унвони "Сармоягузорӣ ба оянда" оғоз гардид, иштирок намуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъсис ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» сафар намуда, аз шароити фароҳамгардида, ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои навтаъсиси бақайдгирифташуда, инчунин рафти корҳои созандагиву ободонӣ аз наздик шинос шуд.
Санаи 22 октябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест - 2026» баргузор гардид.