Санаи 26 октябри соли 2026 дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар шаҳри Давҳа мулоқоти якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Маҳмадалӣ Нурмурод Муродалӣ бо иҷрокунандаи вазифаи Директори генералии Мақомоти танзими фаъолияти хайриявии Давлати Қатар Сауд Муҳаммад Ал-Атба баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо рафти татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияи башардӯстона ва густариши ҳамкориҳо дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоиро баррасӣ намуданд.