5 ноябри соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА» мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ)/котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба содагардонии расмиёти савдои беқоғази фаромарзӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рақамикунонии соҳаҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди иқтисоди сабзро мавриди муҳокима қарор доданд.