Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат заминаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, кафили суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди устувори ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, инчунин пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия, қабул ва татбиқи Конститутсияи Тоҷикистон бениҳоят бузург буда, ташаббускори асосӣ ва иқдомгари асил дар таҳияи ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ кормандони вазорат вобаста ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди иқтисоди кишвар ва волоияти қонун баромад намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз кормандон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати эҳтиром ва татбиқи Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо талош намоянд.