Дар оғози ҷаласа Исмоилзода М. намояндагони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA)-ро вобаста ба ташрифашон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея тақвият ёфта истодааст.
Дар идомаи ҷаласа Директори Дафтари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) ҷаноби Канг Сонг Ҳун омодагии худ ва ҳайати Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаро ҷиҳати воридсозии рақамигардони дар раванди фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо иброз дошта, қайд намуданд, ки ташрифи навбатии мутахассисони соҳавӣ ва амалисозии Протоколи музокирот қадами муҳим барои ноилгардӣ ба ҳадафҳои ба нақша гирифташудаи дуҷониба мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳа маълумоти муфассалро оид ба раванди татбиқи Протоколи мазкур манзур намуданд. Дар ин раванд ба иттилоъ расонида шуд, ки амалисозии Протоколи мазкур то фарҷоми соли 2028 ба нақша гирифта шуда, мутахассисони ҷалбгардида тамоми чораҳоро ҷиҳати дар сатҳи баланд таҳия намудани платформа меандешанд.
Дар фарҷоми ҷаласа Исмоилзода М. рақамигардонии соҳаҳои иқтисоди миллиро тақозои замон ва иқдоми муҳим арзёбӣ намуда, амалисозии онро ҳамчун заминаи асосӣ ҷиҳати тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.