Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки таҳти роҳбарии сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Олмон дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Дар идома ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнокро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, истихроҷу коркарди маъданҳои фоиданок, энергетикаи барқароршаванда, технологияҳои сабз ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда равона гардид.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳои соҳибкорӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.