Дар доираи вохӯрӣ рафти татбиқи портфели амалкунандаи лоиҳаҳои БИР дар соҳаи энергетика, лоиҳаҳои афзалиятнок барои солҳои 2027-2030 ва масъалаҳои муҳими рушди энергетика, аз ҷумла имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори омодагӣ намуданд.