4 ноябри соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чорабинии сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА» таҳти роҳбарии Раиси Девони вазирон - Роҳбари маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев баргузор гардид, ки дар кори он Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Абдураҳмонзода А.С. дар суханронии худ рушди пайвастагии нақлиётӣ, такмили долонҳои бисёрсамта, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, бахусус энергияи сабз ва барқароршаванда, инчунин рақамикунонии расмиёти нақлиётиро самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ намуд.