4 ноябри соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чорабинии сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА» таҳти роҳбарии Раиси Девони вазирон - Роҳбари маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев баргузор гардид, ки дар кори он Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Санаи 2 ноябри соли 2026 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло ва ҳайати намояндагони Бонки Олмонии Рушд (KfW) баргузор гардид.
Санаи 2 ноябри соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Холид ибни Абдулло Аш-Шамронӣ баргузор гардида, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, маориф, кишоварзӣ ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
2 ноябри соли 2026 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо роҳбарияти ширкати China Pingmei Shenma Holding Group Co Ltd-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Санаи 29 октябри соли 2026 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷаласаи Ҳайати мушовараи вазорат баргузор гардид.
28 октябри соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Қудратзод Сӯҳроб Ҳадя бо иштироки маҷозии намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баргузор гардид.
27 октябри соли 2026 дар шаҳри Давҳа Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ аз минтақаи озоди Қатар (QFZ) дидан намуда, аз шароити фароҳамовардашуда ва имкониятҳои сармоягузории минтақаи мазкур ошноӣ пайдо намуданд.
27 октябри соли 2026 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Директори иҷроияи Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар (QFZ) Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Файсал Оли Сонӣ баргузор гардид.