Санаи 16 ноябри соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони вазорат иштирок намуда, аз аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ёдовар гардиданд.
Санаи 12 ноябри соли 2026 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии татбиқи Протоколи музокирот вобаста ба «Тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) таҳти роҳбарии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Исмоилзода Мирзо баргузор гардид.
Санаи 9 ноябри соли 2026 вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Қудратзод Суҳроб Ҳадя бо намояндагони Бонки Исломии Рушд (БИР) баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки таҳти роҳбарии сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расиданд.
5 ноябри соли 2026 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Исмоилзода Мирзо ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик гуфт.
5 ноябри соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА» мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ)/котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана баргузор гардид.
Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА» вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Сидиқов баргузор гардид.
4 ноябри соли 2026 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чорабинии сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА» таҳти роҳбарии Раиси Девони вазирон - Роҳбари маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев баргузор гардид, ки дар кори он Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
3 ноябри соли 2026 мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Қудратзод Суҳроб Ҳадя бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон ва намояндагони ширкатҳои олмонӣ баргузор гардид.