Зимни мулоқот Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо саҳми назарраси KfW-ро дар татбиқи лоиҳаҳои устувори рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, қайд кард, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои молиявию иқтисодии Олмон пайваста дар ҳоли рушд қарор доранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои гуногуни кишвар изҳор намуданд.