Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо бо ширкати China Pingmei Shenma Holding Group Co Ltd-ро баррасӣ намуданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои ду кишвар дар ҳамаи самтҳо дар сатҳи баланди рушд қарор доранд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо дар самти таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар изҳор намуданд.