Санаи 25 октябри соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар 9-умин Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ, ки таҳти унвони "Сармоягузорӣ ба оянда" оғоз гардид, иштирок намуд.
Форуми мазкур аз 25 то 27 октябри соли 2026 идома ёфта, дар он муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз қабили мутобиқишавӣ ба тағйирёбии иқлим, сармоягузории "сабз", амнияти озуқаворӣ ва энергияи "сабз" дар назар аст.