Зимни суханронӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро дар соҳаҳои энергетикаи обӣ, коркарди маъдан, саноати нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди истеҳсолоти дорои арзиши баланди иловашуда муаррифӣ намуда, нақши соҳибкорӣ, ҷалби сармояи истеҳсолӣ, технологияҳои рақамӣ, иқтисоди “сабз” ва зеҳни сунъиро дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои кории босифат ва баланд бардоштани рақобатпазирии кишварҳо аз самтҳои муҳим арзёбӣ карданд.