Форуми мазкур бо сухани ифтитоҳии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва молиявӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва логистикӣ оғоз гардид, ки дар кори он Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо қайд намуд, ки Форуми имрӯза барои фароҳам овардани имкониятҳои сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, коркарди амиқи ашёи хом ва тавсеаи иқтидори содиротии вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ мусоидат намуда, яке аз воситаҳои муҳими ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои озоди иқтисоди кишвар ва тавсеаи содироти маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.