Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, бахусус таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, коркарди маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва металлҳои рангаро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, коркард, басту банди маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба давлати Қатар зоҳир гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва амалӣ намудани ҳадафҳои гузошташуда баён намудан.