Зимни суханронӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо рушди долонҳои нақлиётӣ, содагардонии расмиёти гумрукӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати сармоягузориро барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти саноатӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Инчунин афзалиятҳои кишвар дар самти коркарди ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва ворид намудани корхонаҳои ватанӣ ба занҷираҳои минтақавию ҷаҳонии таъминот муаррифӣ карда шуд.