Онлайн чат
16 ноябри 2026
15 ноябри 2026
28 сентябри 2026
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар доираи COP31 дар шаҳри Анталияи Туркия дар чорабинии «Роҳҳои ҳалли устуворӣ», ки аз ҷониби Павилиони миллии Италия ташкил гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамчунин, ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти кабудизоркунӣ, шинонидани 2 миллиард дарахт то соли 2040, рушди энергияи барқароршаванда, ҳифзи экосистемаҳои кӯҳӣ ва идоракунии устувори захираҳои обу замин муаррифӣ шуданд. Баҳодур Шерализода барқарорсозии экосистемаҳои кӯҳӣ ва ҷалби маблағгузории байналмилалиро аз самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда арзёбӣ намуд.
Паёми табрикотӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он аҳаммияти ин сана дар таҳкими давлатдории миллӣ, истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишвар инъикос гардидааст. Ҳамзамон, нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ, ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ, инчунин саҳми Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ таъкид шудааст. Дар фарҷом, ба мардуми кишвар сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва ба Тоҷикистони азиз пешрафту шукуфоӣ орзу карда мешавад.
Дар доираи чорабиниҳои COP31 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон аз павилонҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид намуда, бо дастовардҳо ва ташаббусҳои кишварҳои минтақа дар самти ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор шинос гардид. Зимни боздид масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, табодули таҷриба ва татбиқи ташаббусҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Ин иқдом ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тақвияти талошҳои муштарак дар самти ҳалли мушкилоти экологию иқлимӣ мусоидат менамояд.
20 сентябри соли 2026 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон…
Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди корҳои ободонию тозакорӣ, таъмини ҳифзи муҳити зист ва солимгардонии табиат дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Дар ҷараёни аксия, ки бо иштироки аҳли ҷомеа ва…
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии занон — хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти онҳо, баланд бардоштани ҳисси…
Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон яке аз санаҳои муҳими байналмилалии экологӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола 16 сентябр таҷлил карда мешавад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ин рӯзро ба муносибати қабули Протоколи Монреал оид ба моддаҳое, ки…
Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи бандҳои «Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, дар фурӯшгоҳи…