Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии занон — хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» байни мақомоти давлатӣ баргузор гардида истодааст.
Занону бонувони Кумита дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда истодаанд.