Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади татбиқи бандҳои «Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037» ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, дар фурӯшгоҳи «Пайкар»-и шаҳри Душанбе аксияи «Истифодаи борҷомаҳои экологӣ — қадаме ба рушди сабз» роҳандозӣ гардид.
Дар ҷараёни баргузории аксия ба харидорон борҷомаҳои экологии бисёркарата ройгон тақсим карда шуданд.
Биёед, муҳити зистро якҷоя ҳифз кунем!