Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва рамзи арҷгузорӣ ба давлатдории миллӣ, соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва нақши роҳбарии олии давлат дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон роҳи пешрафту созандагиро интихоб намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва ташаббускор эътироф гардид.
Имрӯз бо роҳбарии Пешвои миллат масъалаҳои таъмини рушди устувор, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист ҳамчун самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мавқеи махсус доранд.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, бахусус ҳифзи пиряхҳо, захираҳои обӣ, гуногунии биологӣ ва мубориза бо тағйирёбии иқлим, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ нақши назаррас дорад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар партави сиёсати экологӣ ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ободонии муҳити зист ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор пайваста фаъолияти худро тақвият мебахшад.
Мо итминони комил дорем, ки бо муттаҳидӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва меҳнати содиқона метавонем дар роҳи ободии Ватани азизамон, ҳифзи сарватҳои табиӣ ва бунёди Тоҷикистони боз ҳам пешрафта саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу субот, хушбахтӣ, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоии ҷовидона орзу менамоям.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!