Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон яке аз санаҳои муҳими байналмилалии экологӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола 16 сентябр таҷлил карда мешавад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ин рӯзро ба муносибати қабули Протоколи Монреал оид ба моддаҳое, ки қабати озонро вайрон мекунанд, муқаррар намуда, аз соли 1995 инҷониб дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи қабати озон, аз ҷумла дар доираи Ислоҳоти Кигалии Протоколи Монреал, тадбирҳои зарурӣ ва ҳамаҷонибаро роҳандозӣ менамояд.
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи «Барномаи интегратсионӣ оид ба коҳиш додани гидрофторкарбонҳо ва хунуккунии устувор дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Созишнома оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи январи соли ҷорӣ байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расидааст.