Бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди корҳои ободонию тозакорӣ, таъмини ҳифзи муҳити зист ва солимгардонии табиат дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид.
Дар ҷараёни аксия, ки бо иштироки аҳли ҷомеа ва кормандони сохторҳои Кумита баргузор гардид, ҳудуди соҳили дарёи Душанбе аз партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ тоза карда шуда, партовҳои ҷамъовардашуда тавассути техникаи махсуси партовкашонӣ ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.