Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Зеро коррупсия мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ҳамчун зуҳуроти сиёсӣ-иҷтимоӣ ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, рушди босуботи иқтисодиёт, некуаҳволии мардум, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти афзалиятноки сиёсати давлатии худ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқию сохторӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд. Аз ҷумла, соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсияро қабул намуд ва уҳдадор гардид, ки қонунгузории худро ба ин конвенсия мутобиқ намояд ва мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияро таъсис диҳад.
Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти идоракунии давлатӣ, сарфаю истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 дар заминаи Полиси андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки илова бар ин, дар мамлакат барои банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия се маротиба барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ қабул гардида, дар доираи он тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди муқовимат ба коррупсия ҷалб карда шуданд.
Инчунин бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. 57% аъзои онро намояндагони мақомоти давлатӣ ва 43%-ро намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд.
Набояд фаромуш сохт, ки ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат, ба монанди муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд. Ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 қабул гардидани «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» давоми мантиқии ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар мамлакат мебошад.
Тавре коршиносон изҳор медоранд коррупсия ба тамоми соҳаҳои зиндагии инсон таъсир гузошта, рушди солими иқтисодиро фалаҷ мегардонад, фаъолияти самарабахши сиёсатро халалдор сохта, робитаи байни ҳукумат ва мардумро ноустувор месозад. Бинобар бояд донист, ки ин, муқовимат ба коррупсия ва коҳиш додани сатҳи он аз бисёр омилҳо, ба монанди дастҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.
Барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ҳадафҳои дарпешгузоштаи Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат ба коррупсия бояд тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ бо истифода аз маҷмуи воситаю усулҳои муосир фаъолият баранд, то ин омил решакан гардад.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ,
робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи
Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон