Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, бақайдгирӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тарғиби ҳуқуқ, иҷрои ҷазоҳои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ таъмин менамояд.
Вазифаҳои асосии Вазорат аз инҳо иборатанд:
- иштирок дар таҳияи санадҳои ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии онҳо ва таъмини мутобиқати онҳо ба уҳдадориҳои байналмилалии кишвар;
- баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мураттабсозӣ ва интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин пешбурди захираҳои иттилоотии ҳуқуқӣ;
- санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти давлатӣ ва гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таъмини фаъолияти ҳуқуқии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва иштирок дар таҳия ва бастани шартномаҳои байналмилалӣ;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқ;
- таъмини фаъолияти нотариат ва мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гарави молу мулки манқул ва шартномаҳои консессионӣ;
- гузоштани апостил ба ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти ваколатдор;
- ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва назорати сифати хизматрасониҳои давлатӣ;
- таъмини иҷрои ҷазоҳои ҷиноятӣ ва ташкили экспертизаҳои судӣ ва криминалистӣ;
- такмили ихтисоси ҳуқуқшиносон ва ташкили фаъолияти комиссияи тахассусӣ оид ба масъалаҳои соҳиб шудан ба мақоми адвокат ва қатъ гардидани он;
- сари вақт ва босифат баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.