Имрӯз дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси вазорат бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор гардид.
Зимни баргузории мизи гирд таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни муҳими давлатӣ дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мамлакат мавқеи хосса дошта, таҷассумгари эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Иброз карда шуд, ки дар шароити муосир нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва пешбурди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамзамон, иштирокчиён масъалаҳои марбут ба ташаккули низоми давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву садоқат ба Ватанро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи чорабинӣ доир ба аҳаммияти эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳо, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳми ҳар як корманди мақомоти давлатӣ дар таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд андешаронӣ сурат гирифт.
Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва дарки арзишҳои давлатдории миллӣ мусоидат намуда, дар тарбияи кормандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми мизи гирд иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор намуда, аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои маърифатиро таъкид карданд.