12 ноябри соли 2026 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи чорабинии мубодилаи академии сеюм - «Ҳуқуқ ва методология дар даврони тамаддуни рақамӣ» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Исфандиёр иштирок намуда, дар мавзуи «Зеҳни сунъӣ ва методологияи ҳуқуқӣ дар тамаддуни рақамӣ: дар заминаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон» маърӯза кард.
Дар маърӯза моҳияти зеҳни сунъӣ, имкониятҳои он барои рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ ва зарурати такмили усулҳои танзими ҳуқуқии технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ бояд ба талаботи қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, адолат ва масъулиятшиносӣ мутобиқ бошад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди технологияҳои рақамӣ ва истифодаи имкониятҳои муосир барои пешрафти кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт ба таҳкими ҳамкорӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои рушди устувор мусоидат мекунанд.
Иштироки намояндаи Донишкада дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои табодули таҷриба, тақвияти робитаҳои академӣ ва муаррифии мавқеи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқ ва технологияҳои нав замина фароҳам меорад.