Наврӯз шукуҳи рӯзгори нав, паёми зиндашавии табиат, ифодаи меҳру саодат ва рамзи ваҳдату ягонагист. Дар сарзамини бостонии мо ҷашни Наврӯз бо фарорасии фасли нозанини сол баҳор қадамҳои сабзи худро мегузорад ва хонаву кошонаи ҳар як соҳибдилро мунаввар месозад. Наврӯз бо пайки худ шодиву нишот ва дӯстиву рафоқатро тарғиб намуда, ба ҳаёт навои тоза мебахшад.
Мардуми тамаддунсоз ва фарҳангсолори тоҷик ин айёми рустанҳо ва шукуфтанҳоро ҳанӯз аз замонҳои қадим дар замири поки худ парварида «Наврӯз» ном ниҳоданд. То ин замон ин ҷашни бостонӣ фазилати худро ҳифз намуда, асолати таърихии худро равшантар месозад. Бо танинандоз гардидани садои ғул-ғулаандози ҷашни Наврӯз, дар сарзамини тоҷикон шукуҳу шаҳомати хосса побарҷо мегардад. Ин аст, ки ҷаҳон ин дурдонаи фарҳангии моро пазируфту Наврӯзи мо ҷаҳонӣ гашт.
Қобили тазаккур аст, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуд, ки то ба имрӯз дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.
Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокинони Тоҷикистон мебошад. Ҳамзамон Наврӯз тарғибгари ахлоқи ҳамида ва хислатҳои накӯи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, некӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.
Ҳар як фарди бедордили кишварро мебояд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ ва таърихи ғании ниёгонамон ба ҳифзи арзишҳои нодири таърихиву миллӣ пайваста саъю талош намояд ва гиромидошти онро ҳар лаҳза пос дорад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми ҳамватанонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик осмони софу беғубор, сулҳу амният ва саодати рӯзгорро таманно дорам.
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,
Наврӯзатон фирӯз бод!
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ,
робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи
Вазорати адлияи ҷумҳурии Тоҷикистон