28-уми июли соли 2026-ум муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ҳакимзода дар мизи мудаввар, ки ҷиҳати анҷомёбии даври дуюми Барномаи феллоушип барои занони ҳуқуқшинос доир карда шуд, иштирок намуд.
Дар рафти ҷаласа, муовини якумии вазири адлия иброз дошт, ки Барномаи феллоушип ба таҳкими бахши ҳуқуқӣ тавассути омода намудани насли нави занони ҳуқуқшинос мусоидат намуда, барои қобилияти расонидани ёрии ҳуқуқии босифат ба аҳолӣ ва ҳалли мушкилоту муаммои гуногуни ҷамъиятӣ басо муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.
Дар чорабинӣ ҳамзамон намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Вазорати корҳои хориҷии Финляндия, Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» иштирок карданд.