Имрӯз, 14-уми апрели соли 2026-ум дар ҷаласаи 84-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид зидди шиканҷа дар шаҳри Женева, Конфедератсияи Швейтсария ҳимояи гузориши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои муқаррароти Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.
Зимни баррасии гузориши Тоҷикистон намояндагони Кумитаи зидди шиканҷа корҳои анҷомдодашударо дар доираи татбиқи муқаррароти Конвенсияи мазкур, инчунин пешрафту навовариҳо ва ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудаанд, мусбат арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми иҷлосияи имрӯза Кумитаи зидди шиканҷа ба ҷавобҳои ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла ба пешниҳод ва омодасозии маълумот, омори дақиқ ва муфассал баҳои баланд дод.