13 апрели соли 2026 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария мулоқотидуҷонибаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҷаноби Фолкер Турк баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин тадбирҳо ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баррасӣ шуданд.
Вазири адлия Музаффар Ашуриён таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар доираи расмиёти Шарҳи универсалии даврӣ муколамаи мунтазам ва созандаро идома дода, бо мақомоти шартномавӣ ва ниҳодҳои тахассусии СММ ҳамкории зич дорад. Итминон дода шуд, ки Тоҷикистон минбаъд низ усулҳои эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро риоя хоҳад кард.
Дар фарҷоми суҳбат омодагии ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои соҳавӣ ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои Созмони Милал дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон изҳор гардид.