Ба истифода додани модели нави GPT-5.2 аз OpenAI қадами навбатии имкониятҳои зеҳни сунъиро пешниҳод намуд, аммо тарафи дигари пешрафт масрафи бузурги захираҳо шуд.
Рушди шабакаҳои нейронӣ ба системаҳои энергетикӣ сарборӣ медиҳад. Таҳлилгарон "иштиҳои энергетикии" чат-боти машҳуртарин дар ҷаҳонро таҳлил намуданд.
Тадқиқот нишон медиҳад, ки ҳар як муроҷиат ба зеҳни сунъӣ ва истифодабарии он нисбат ба ҷустуҷӯи оддӣ дар шабакаи интернет ба экология зарари колон меоварад.
Мувофиқи ҳисоботҳои охирини BestBrokers барои коркард намудани дархостҳои истифодабарандагони ChatGPT дар як сол 17,23 ТВт/соат қувваи барқ масраф мешавад, ки ин барои таъмин намудани Ню-Йорк бо барқ дар давоми чор моҳ кофӣ мебошад.
Мувофиқи маълумоти озмоишғохӣ зеҳни сунъӣи Донишгоҳи Род-Айленд, як дархост ба ChatGPT ба ҳисоби миёна 18,9 Вт/соат масраф карда мешавад. Барои муқоиса, ҷустуҷӯ тавассути Google танҳо 0,3 Вт/соат мебошад.
Ҳамин тариқ, модели нави зеҳни сунъӣ барои пешниҳоди як дархост 63 маротиба қувваи барқро зиёд масраф менамояд.
810 миллион истифодабарандагони фаъол дар як ҳафта ба ҳисоби миёна 22 дархост пешниҳод менамоянд, ки дар умум масрафи солонаи қувваи барқ ба 17,228 млрд кВт/соат (17,23 ТВт/соат) мерасад.
Нархи миёнаи қувваи барқи тиҷоратӣ дар ИМА ба ($0,141 барои як кВт/соат) баробар буда, OpenAI барои масрафи солонаи қувваи барқ 2,42 млрд доллар пардохт менамояд.
Барои намоиши андозаи 17,23 ТВт/соат, коршиносон масрафи қувваи барқи кишварҳо ва объектҳои инфрасохторӣ гуногунро муқоиса намуданд:
- Федератсияи Русия - 5 рӯз ва 6 соат;
- ИМА - 34 соат;
- Британияи Кабир - қариб 20 рӯз;
- Ню-Йорк - 113 рӯз (қариб 4 моҳ);
- Хитой - 5 соат;
- Ҳиндустон - 3 рӯз ва 2 соат;
- Кореяи Ҷанубӣ - 10 рӯз ва 1 соат;
- Олмон -12 рӯз ва 9 соат;
- Фаронса - 13 рӯз ва 11 соат;
Бразилия - 8 рӯз ва 6 соат.
Қувваи барқе, ки ChatGPT дар як сол масраф менамояд, барои таъмини 238 миллион мошини барқӣ кофӣ мебошад. Ин 36 маротиба аз тамоми мошинҳои барқӣе, ки дар ИМА то нимаи соли 2025 ба қайд гирифта шудаанд, зиёдтар мебошад. Ҳаҷми умумии масрафи қувваи барқи модели нави ChatGPT аз эҳтиёҷоти солонаи Словения, Гурҷистон, Литва, Кения ва Люксембург зиёд шудааст.
Бо вуҷуди афзоиши самаранокии алгоритмҳо бо афзоиши андозаи моделҳои нав ва афзоиши пуршиддати шумораи истифодабарандагон истифодаи қувваи барқ зиёд шуда истодааст.
Алан Голдберг, таҳлилгари BestBrokers ба камбудии шаффофият дар саноат ишора менамояд: "Версияҳои навтарини ChatGPT ва дигар моделҳои пешрафта беҳбудиҳои назаррасро дар пешниҳоди маълумотҳои дақиқ ва генератсияи мулоҳизаҳоро нишон медиҳанд, вале ба масрафи қувваи барқи онҳо таваҷҷуҳ надодан ғаёриимкон мебошад.
Айни ҳол барои омӯзиши низомҳои муосир ва ба даст овардани натиҷаҳо даҳҳо гигаватт соат зарур мебошад. Ҳар як дархости моделҳои нави пешрафта нисбат ба моделҳои версияҳои қаблӣ миқдори зиёди қувваи барқро масраф намоянд.
Пешрафти ояндаи асосии технологӣ бояд на танҳо қувваи бузург, балки самаранокии қувваи барк бошад.
Бо гуфтаҳои коршиносон, бидуни ҷорӣ намудани стандартҳои қатъии ҳисоботӣ ва оптимизатсия, пешрафти босуръати зеҳни сунъи хатари фишори инфрасохторӣ ва экологиро ба вуҷуд меорад, ки шабакаҳои энергетикии ҷаҳонӣ айни ҳол омода нестанд.