4-уми декабри соли 2025-ум муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода дар ҷаласаи дуюми Шурои ҳамоҳангсозии ИДМ дар самти фаъолияти экспертизаи судӣ, ки дар формати онлайнӣ баргузор шуд, иштирок намуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти ваколатдори давлатҳои узви Созишнома дар бораи таъсиси Шурои ҳамоҳангсозӣ иштирок карданд. Ҷаласаро генерал-майори адлия Алексей Волков, раиси Шурои ҳамоҳангсозӣ, ифтитоҳ намуд.
Дар нишаст зикр гардид, ки амалҳои ҳамоҳангшуда барои татбиқи муқаррароти он ба муқовимати муассир бо шабакаҳои муосири ҷиноӣ, коҳиш додани таҳдиди терроризм, ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва беҳтар кардани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд.
Дар рафти ҷаласа ба самтҳои амалии ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд: таъсиси ташкилотҳои асосии Шуро, қабули санадҳои ҳуқуқие, ки фаъолияти онро танзим мекунанд, таҳияи равишҳои умумӣ барои ташкили омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони судӣ ва муайян кардани масъалаҳои муҳим барои кори муштарак дар давраи оянда.
Ҷаласа дар фазои шарикӣ ва ҳамкории судманд баргузор гардид. Пас аз анҷоми ҷаласа як қатор қарорҳои муҳим қабул карда шуданд ва дар бораи баргузор кардани ҷаласаи навбатии Шуро дар соли 2026 дар Федератсияи Русия ба мувофиқа расиданд.
Дар хотима, иштирокчиён қайд карданд, ки ин ҷаласа ҳамчун ангезаи рушд ва ташаккули шарикии дарозмуддат дар самти илми экспертизаи судӣ дар доираи Шурои ҳамоҳангсозӣ хизмат хоҳад кард.