Роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи экспертизаи давлатии судӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкориро бо шарикони рушд идома дода, дар робита ба ин 24 октябри соли равон бо коршиносони Фонди Глобалии Иттиҳоди Аврупо-Раёсати мубориза бо терроризми Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT) вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи экспертизаи давлатии судӣ дар ҷумҳурӣ муҳокима гардида, дар самти криминалистикаи рақамӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур ҷонибҳо бо муайян намудани эҳтиёҷоти соҳа барои дастгирии методию техникии Марказ дар самти ташхиси далелҳои электронӣ ба мувофиқа расиданд.