Коррупсия яке аз зуҳуроти мураккаб ва хатарноки ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ба рушди иқтисодию иҷтимоии давлат, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ин зуҳурот на танҳо фаъолияти мақомоти давлатиро халалдор месозад, балки ба рақобати солим, ҷалби сармоя, адолати иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа низ монеа эҷод менамояд.
Аз ин рӯ, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии давлатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, дар ин самт ҳамкории байналмилалӣ, такмили қонунгузорӣ, таҳкими механизмҳои назорат ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти махсус пайдо намудааст.
ВАЗЪИ КОРРУПСИЯ ДАР ҶАҲОН
Коррупсия дар шароити ҷаҳонишавӣ хусусияти фаромиллӣ касб намуда, дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла ришваситонӣ, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, бархӯрди манфиатҳо, азхудкунии маблағҳои давлатӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ зуҳур мекунад.
Тибқи натиҷаҳои Индекси дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index – CPI) барои соли 2025, ки аз ҷониби созмони байналмилалии «Transparency International» нашр гардидааст, вазъи коррупсия дар ҷаҳон ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар ин раддабандӣ 182 кишвар ва қаламрав арзёбӣ шуда, нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳонӣ ба 42 хол аз 100 баробар гардидааст. Зиёда аз се ду ҳиссаи кишварҳои арзёбишуда камтар аз 50 хол гирифтаанд.
Дар раддабандии мазкур Дания бо 89 хол, Финландия бо 88 хол ва Сингапур бо 84 хол дар қатори кишварҳои дорои нишондиҳандаҳои беҳтарин қарор гирифтаанд. Дар муқобил, Судони Ҷанубӣ ва Сомалӣ бо 9 хол ва Венесуэла бо 10 хол аз ҷумлаи кишварҳои дорои нишондиҳандаҳои пасттарин мебошанд.
Индекси мазкур сатҳи дарки коррупсияро дар бахши давлатӣ дар асоси арзёбии коршиносон ва соҳибкорон муайян менамояд. Аз ин рӯ, он на шумораи воқеии ҳолатҳои коррупсионӣ, балки тасаввурот ва арзёбии сатҳи коррупсияро инъикос менамояд.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи байналмилалӣ муқовимат ба коррупсия дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ҳамкории байнидавлатӣ ва татбиқи стратегияву барномаҳои миллӣ ба роҳ монда шудааст. Яке аз санадҳои муҳим дар ин самт Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия мебошад, ки 31 октябри соли 2003 қабул гардида, 14 декабри соли 2005 мавриди амал қарор гирифтааст. Конвенсияи мазкур самтҳои асосии пешгирии коррупсия, ҷавобгарии ҳуқуқӣ, ҳамкории байналмилалӣ, баргардонидани дороиҳои бо роҳи коррупсия бадастомада ва расонидани ёрии техникӣ ба кишварҳоро муайян менамояд. То моҳи ноябри соли 2026 ба он 193 давлат ҳамроҳ шудаанд.
Дар баробари ин, таҷрибаи кишварҳои пешқадам нишон медиҳад, ки барои муқовимати самаранок ба коррупсия танҳо мавҷудияти қонунгузории мукаммал кофӣ набуда, иҷрои воқеии талаботи он, таъмини шаффофият ва масъулияти хизматчиёни давлатӣ аҳаммияти ҳалкунанда доранд.
Масалан, дар Сингапур ба фаъолияти мақомоти махсуси муқовимат ба коррупсия, пешгирии ришваситонӣ, таъмини ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар Дания ва Финландия бошад, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, дастрасии ҷомеа ба иттилоот, ҳисоботдиҳӣ ва таҳкими фарҳанги масъулиятшиносии хизматӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими пешгирии коррупсия ба ҳисоб мераванд.
Ҳамчунин, дар кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) ба масъалаҳои идоракунии хавфҳои коррупсионӣ, шаффофияти хариди давлатӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, назорати дохилӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад.
Аз таҷрибаи мазкур бармеояд, ки муқовимати муассир ба коррупсия бояд хусусияти фарогир дошта, ҳамзамон чораҳои пешгирикунанда, назоратӣ, ҳуқуқӣ ва маърифатиро дар бар гирад.
ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия тадбирҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ ва ташкилиро амалӣ менамояд. Бо мақсади ташаккули заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба ин зуҳурот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» қабул гардида, дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор дода шудаанд.
Яке аз санадҳои муҳими барномавӣ Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар ин соҳа муайян менамояд. Дар ин замина, бо мақсади идомаи тадбирҳои мақсаднок марҳилаи дуюми амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2026–2030 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 тасдиқ гардидааст.
Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи дуюм ба такмили механизмҳои пешгирии коррупсия, таҳкими назорати дохилӣ, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ, рушди шаффофият ва густариши корҳои иттилоотию маърифатӣ равона шудааст.
Мутобиқи тартиби муқарраргардида, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдор вазифадоранд ҳар сол оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур маълумот пешниҳод намоянд. Мониторинги иҷрои нақша аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ҳамин тариқ, марҳилаи дуюми Стратегия идомаи мантиқии тадбирҳои қаблан амалишуда буда, иҷрои пайгирона ва босифати он масъулияти ҳар як мақоми давлатӣ ва кормандони онро тақозо менамояд.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ дар татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия саҳм гузошта, ҷиҳати пешгирии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти сохторҳои дахлдор тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Бо ин мақсад, дар вазорат нақшаи дохилиидоравии чорабиниҳо оид ба муқовимат ба коррупсия амал намуда, дар он маҷмуи тадбирҳои ташкилию ҳуқуқӣ, пешгирикунанда ва иттилоотию маърифатӣ пешбинӣ шудаанд.
Тадбирҳои мазкур, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо, таҳкими интизоми хизматӣ ва бартараф намудани омилҳои ба пайдоиши зуҳуроти коррупсионӣ мусоидаткунанда равона гардидаанд.
Дар доираи амалисозии нақшаи дохилиидоравӣ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии кормандон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиби талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва тақвияти шаффофият дар фаъолияти сохторҳои вазорат таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда мешавад.
Ҳамзамон, рушди технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои электронии давлатӣ яке аз воситаҳои муҳими коҳиш додани хавфҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад. Ҷорӣ намудани чунин хизматрасониҳо, соддагардонии расмиёти маъмурӣ ва кам намудани зарурати робитаи мустақими шаҳрвандон бо хизматчиёни давлатӣ ба баланд гардидани шаффофият ва дастрасии хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат менамояд.
Дар баробари тадбирҳои ҳуқуқӣ ва ташкилию пешгирикунанда, корҳои иттилоотию маърифатӣ дар ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба коррупсия нақши муҳим доранд. Бо дарназардошти ин, як қатор бандҳои нақшаи дохилиидоравии чорабиниҳои вазорат ба Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма вобаста гардидаанд. Аз ҷумла, тибқи банди 3-и нақша, нашри натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар самти муқовимат ба коррупсия тавассути сомонаи расмӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо пешбинӣ шудааст. Амалисозии ин тадбир ба таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти адлия, огоҳонии ҷомеа аз чораҳои андешидашуда ва натиҷаҳои бадастомада, инчунин баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба фаъолияти мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.
Тибқи банди 5-и нақша бошад, инъикоси вазъи иҷрои барномаҳои зиддикоррупсионӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои расмӣ пешбинӣ гардидааст. Дар доираи иҷрои ин вазифа, рафти амалисозии барномаҳои давлатӣ, чораҳои андешидашуда, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти дахлдор ва масъалаҳои ҳалталаб дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди инъикос қарор мегиранд.
Дар ин раванд, омода ва нашр намудани мақолаҳои таҳлилӣ, хабару гузоришҳо, маводи шарҳдиҳанда ва иттилооти ҳуқуқӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаи пешгирии коррупсия мусоидат менамояд.
Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки муқовимат ба коррупсия раванди мураккаб ва пайваста буда, танҳо тавассути қабули қонунҳо ва татбиқи чораҳои ҷазодиҳӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан имконнопазир аст. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд сабабу шароитҳои ба пайдоиши коррупсия мусоидаткунанда бартараф гардида, шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳисоботдиҳӣ ва масъулияти хизматчиёни давлатӣ таъмин карда шавад.
Дар ин замина, татбиқи пайгиронаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, иҷрои нақшаҳои дохилиидоравӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, тақвияти корҳои иттилоотию маърифатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти минбаъда ба ҳисоб мераванд.
Муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, масъулияти дастаҷамъонаи тамоми ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ ва касбии худ, бояд дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб саҳм гузорад.
Раёсати ёрии ҳуқуқӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон\