Паёми шодбошии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкасбони гиромӣ, кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, собиқадорон ва дӯстдорони табиат!
Шуморо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломатӣ, саодати рӯзгор, файзу баракат ва дар фаъолияти созандаатон комёбиҳои нав орзу менамоям.
Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ —Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги халқ пойдор гардид. Талошҳои пайваста ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар самти рушди устувори кишвар, ҳифзи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъол ва ташаббускор муаррифӣ намудааст.
Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат масъалаҳои марбут ба об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист ба самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфта, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар ин соҳа аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд. Эълон гардидани солҳои марбут ба об, қабули ташаббусҳои байналмилалӣ ва таваҷҷуҳи пайваста ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷумлаи иқдомҳои муҳимми Тоҷикистон дар роҳи ҳалли масъалаҳои глобалии экологӣ мебошанд.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард, ки кишвар роҳи мустақили рушдро интихоб намуда, барои ободонии Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардум иқдомҳои созандаро пайгирона амалӣ намояд. Дар ин раванд соҳаи ҳифзи муҳити зист низ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ҳаматарафа рушд ёфта, барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.
Ҳифзи табиат вазифаи танҳо як сохтор нест, балки масъулияти умумии ҳар як шаҳрванд мебошад. Зеро кӯҳҳои сарбаланд, дарёҳои мусаффо, ҷангалу чарогоҳҳо, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиии Тоҷикистон мероси миллӣ ва сарвати бебаҳои наслҳои имрӯз ва оянда мебошанд.
Дар ин самт саҳми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, мутахассисон, олимону фаъолони экологӣ, дӯстдорони табиат ва ҳамаи табиатистифодабарандагоне, ки ба истифодаи масъулиятноки захираҳои табиӣ муносибат менамоянд, арзанда ва назаррас мебошад.
Имрӯз ҳар яки мо вазифадорем, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои тозагӣ ва ободии муҳити зист, ҳифзи гуногунии биологӣ, пешгирии ифлосшавии табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Итминон дорам, ки кормандони соҳа ва ҳамаи дӯстдорони табиат дар оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти касбӣ барои ҳифзи муҳити зист ва татбиқи сиёсати давлатии экологӣ саъю талоши бештар менамоянд.
Бори дигар тамоми кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дӯстдорони табиат, табиатистифодабарандагон ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Ба Тоҷикистони азизи мо сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, пешрафту ободии бештар ва ба ҳар як хонадони кишвар файзу баракат, саломатӣ ва хушбахтӣ орзумандам.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!