3 сентябри соли 2026 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, акдемик Абдуҷаббор Раҳмонзода ва профессор Махфират Хидирзода иштрок ва суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки баъди 35 соли роҳи пурпечутоби давлатсозӣ, мо бо итминон гуфта метавонем, ки Тоҷикистон марҳалаҳои бисёр муҳими рушди давлатдории миллиро паси сар намуда, ба як кишвари соҳибэътимод ва ташаббускори минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар ниҳоят муҳим мебошад.
Маҳз Истиқлоли давлатӣ заминаи мусоидро фароҳам овард, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти қонунгузор 23 қонунҳои соҳавӣ ва беш аз 100 санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар самти ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ қабул гаштанд.
Таъкид гардид, ки масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар сиёсати экологии Тоҷикистон мавқеи муҳим дошта, бо дарназардошти таъсири тағйирёбии иқлим тақвияти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиӣ аҳамияти хос дорад. Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ низ ташаббусҳои муҳимро вобаста ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера пешбарӣ менамояд.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардидааст, ки онҳо барои татбиқи ҳадафҳои мушаххас, аз ҷумла «Рӯзномаи рушди устувор барои то соли 2030» асос гузоштанд.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди «Рӯзномаи ҷаҳонии пиряхҳо» ва тақвияти иқдомҳои минбаъдаи кишвар дар самти обу иқлим Кумита ҳамчун мақоми ваколатдори давлатии соҳа дар доираи ҳамкориҳо бо Барномаи СММ оид ба муҳити зист (UNEP) оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера корбарӣ намуд, ки 12 декабри соли 2025 зимни баргузории Иҷлосияи ҳафтуми Маҷмаи Умумии СММ оид ба муҳити зист (UNEA-7) дар шаҳри Найробии Ҷумҳурии Кения Қатънома дар бораи «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул гардид.
Дар идомаи чорабинӣ натиҷаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Криосфера ва тағйирёбии иқлим: таҳдидҳо ва роҳҳои мутобиқшавӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон ва фаъолони он бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Озмуни мазкур ба баланд бардоштани маърифати экологӣ, рушди тафаккури илмӣ ва ҷалби бештари насли ҷавон ба омӯзиши масъалаҳои муҳими муҳити зист, криосфера ва тағйирёбии иқлим мусоидат намуд.
Ҳамчунин, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандон барои саҳми арзанда ва фаъолона дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва пешбурди сиёсати давлатии экологӣ ва ҳифзи табиат бо мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ гардиданд.