Дар шаҳри Душанбе оид ба муаррифӣ ва муҳокимаи лоиҳаи Барномаи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC 3.0) Мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон, ҷавонон ва бахши хусусӣ иштирок намуда, масъалаҳои афзалиятнок ва татбиқи онро муҳокима намуданд. Баргузории чорабинии мазкур як қадами муҳим дар тақвияти барномаи миллии амали иқлимӣ мебошад.
Барномаи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда NDC 3.0 ҳадаф дорад, ки ваъдаҳои иқлимии худро ба амалҳои воқеӣ дар бахшҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, об, кишоварзӣ, нақлиёт ва инфрасохтор амалӣ намояд ва ҳамзамон устувориро ба хатарҳои марбут ба иқлим, аз қабили обшавии пиряхҳо, обхезӣ, ва пешгирии хушксолӣ тақвият диҳад.
Нуктаи асосии ин раванд таъмини фарогир ва мутобиқ ба масъалаҳои гендерӣ будани рӯзномаи иқлимӣ, инчунин эҷоди робитаҳои қавитар байни ҳадафҳои иқлимӣ, афзалиятҳои бахшӣ, сармоягузорӣ, маблағгузорӣ ва натиҷаҳои назаррас мебошад.