Дар ҳошияи баргузори иҷлосияи 17-уми Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо биёбоншавӣ (UNCCD COP17) дар шаҳри Улан-Батор мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон Баҳодур Шерализода бо Вазири корҳои хориҷии Муғулистон ҳамзамон Президенти COP17 Батмунхийн Батсетсег доир гардид. Ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим, захираҳои об ва мубориза бо биёбоншавӣ табодули афкор намуданд.
Раиси Кумита Баҳодур Шерализода аҳамияти саривақтии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Конфронси дар пешистодаи оби СММ, ки соли 2028 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баланд арзёбӣ карданд.
Зимни мулоқот аҳамияти табдил додани тавофуқоти ҳосилшуда зимни сафарҳои давлатии сарони ҳарду кишвар ба амалҳои мушаххас ва таъмини иҷрои санадҳои имзошуда таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти омодасозии мутахассисон ва кадрҳо барои соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гидроэнергетика изҳор доштанд.