Дар доираи таҷлили сазовори ҷашни миллӣ 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе аксияи экологии тозагии соҳил доир гардид.
Дар ҷараёни аксия, ки бо иштироки бевоситаи аъзоёни Клуби волонтёрони экологии назди Раиси шаҳри Душанбе ва дигар кормандони соҳаҳои мухталиф роҳандозӣ гардид, соҳил аз партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ тоза карда шуда, дар ҳаҷми 2,3 метри куби партовҳо ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуданд.