21 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти машваратӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Лоиқ ва муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҷаҳоноро иштирок ва суханронӣ намуда, масъалаи ҳамгиро намудани равишҳои гендерӣ ба сиёсати миллӣ ва фаъолияти амалӣ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологиро баррасӣ намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои шарик оид ба рушд ва коршиносони мустақил иштирок намуда, доир ба таҳияи Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи глобалии амали гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳуҷҷати роҳнамо дар доираи ташаббуси глобалии «Суръатбахшии тағйироти низомӣ ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ тавассути стратегияҳо ва нақшаҳои миллии амал оид ба гуногунии биологӣ» таҳия гардида, самти алоҳидаи муҳокимаи нишондиҳандаҳои гендерӣ вобаста ба вазифаҳои навшудаи Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амали Тоҷикистон оид ба гуногунии биологӣ то соли 2040 дар бар мегирад.
Вохӯрии мазкурро баррасӣ ва имзои банақшагирифташудаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оила ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти махсус мебахшад. Ҳуҷҷати мазкур ба таҳкими ҳамкории институтсионалии ду сохтор ва фароҳам овардани замина барои фаъолияти муштараки мунтазам ва низомманд дар самти ҳамгироии масъалаҳои баробарии гендерӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар раванди минбаъда Гурӯҳи миллии гендерӣ ҳамчун майдони ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, мубодилаи иттилоот ва дастгирии татбиқи Харитаи роҳ ва СМНАГБ нақши муҳим хоҳад дошт. Чунин равиш имкон медиҳад, ки ниҳодҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносон ва шарикон дар атрофи ҳадафҳои муштарак ва натиҷаҳои мушаххас муттаҳид гарданд.
Интизор меравад, ки дар натиҷа пешниҳодҳои мувофиқашуда вобаста ба такмили Харитаи роҳ таҳия гардида, нишондиҳандаҳои пешакии гендерӣ доир ба ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ муайян карда шаванд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкории институтсионалӣ замина гузошта шавад.