1 августи соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эко-ниммарафони байналмилалии кӯҳии “SEVEN LAKES-2026” дар мавзеи Ҳафткӯли Панҷакент баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи расмии чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифҳи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, Роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, васоити ахбори омма, блогерон, сайёҳон ва варзишгарон иштирок намуда, дар рӯзи дуюми чорабинӣ 200 нафар варзишгарон аз 18 давлати ҷаҳон барои ишғоли зинаҳои ифтихорӣ дар се масофа - 3 км, 10 км ва 21 км миёни ҳам сабқат менамоянд.
Зимни баромади хеш Раиси Кумитаи ҳифҳи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор ва сарчашмаи обҳои тоза дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шуда, ҳамеша ташаббускори масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим мебошад.
Таъкид гардид, ки бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба яке аз самтҳои муҳими рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд.
Имрӯз Ҳафткӯли Тоҷикистон метавонад ҳамчун намунаи ҳамоҳангии табиат ва фаъолияти устувори инсон муаррифӣ гардад. Мо бовар дорем, ки рушди сайёҳии экологӣ, ташкили чунин чорабиниҳои байналмилалӣ ва тарғиби имкониятҳои табиии кишвар барои боз ҳам бештар ҷалб намудани сайёҳон ба Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард-иброз дошт Раиси Кумита.
Ҳадафи асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди сайёҳии экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва муаррифии имкониятҳои нодири табииву сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибону ҷоизадорон бо мукофотҳо қадрдонӣ мегарданд.
Дар доираи чорабинӣ инчунин аксияи экологии тозакунии соҳили Ҳафткӯл баргузор гардида, иштирокчиён бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории покизагии яке аз мавзеъҳои зебои табиии кишвар дар корҳои ҷамъиятии тозагӣ фаъолона саҳм мегузоранд.
Минтақаи Ҳафткӯл, ки дар водии Шинги шаҳри Панҷакент ва дар қалби кӯҳҳои Фон ҷойгир аст, яке аз зеботарин мавзеъҳои табиии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо ҳафт кӯли рангоранг, табиати нотакрор ва мероси бойи таърихиву фарҳангии худ ҳамасола ҳазорҳо дӯстдорони табиат ва сайёҳонро ҷалб мекунад.
Эко-ниммарафони байналмилалии кӯҳии “SEVEN LAKES-2026” ҳамасола дӯстдорони варзиш, сайёҳон ва тарғибгарони тарзи ҳаёти солимро аз дохил ва хориҷи кишвар муттаҳид намуда, ба рушди сайёҳии устувор, муаррифии имкониятҳои экологии мамлакат ва ташаккули фарҳанги эҳтиром ба табиат мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди дипломатияи экологӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои табиати нотакрор ва имкониятҳои васеи сайёҳии экологӣ мусоидат хоҳад кард.