Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати таъмини беҳдошти муҳити зист ва тозагии шаҳраку маҳаллаҳо дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аксияи “Тозагии маҳал” доир гардид.
Дар ҷараёни аксия кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни фаъоли Клуби волонтёрони экологии назди Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист, раёсати ҷавонон, тандурустӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуда, ҳудуди маҳалла аз партовҳои сахти маишӣ ва пластикӣ тоза гардида, дар ҳаҷми 2,6 м3 партов ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни миллӣ бо дастури Раиси шаҳри Душанбе ҳар ҳафта дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт чунин тадбирҳои экологӣ баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифатнокии экологии аҳолӣ доир гашта, ин раванд минбаъд низ идома меёбад.
Воқеан, дар шаҳри Душанбе раванди корҳои ободонию созандагӣ ва солимгардонии муҳит зист ҷараёни тоза касб намуда, шаҳрвандон бо ифтихормандӣ аз сокини пойтахт будан баҳри ободониву зебогии шаҳр ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.