Дар доираи баргузории Эко-ниммарафони байналмилалии кӯҳии “SEVEN LAKES-2026” дар мавзеи Ҳафткӯли Панҷакент аксияи экологии “Тозагии соҳил” баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди сайёҳии экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад.
Дар доираи чорабинии аксияи экологӣ ҳудуди соҳили Ҳафткӯл тоза гардида, иштирокчиён бо мақсади ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории покизагии яке аз мавзеъҳои зебои табиии Тоҷикистон дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона саҳм мегузоранд.