Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Семинари ҷаҳонии омӯзишӣ ва ҷамъбастӣ дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Таиланд, ки дар доираи лоиҳаи «Тезонидани тағйироти низомӣ барои баробарии гендерӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ тавассути NBSAP» баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар кори семинар намояндагони кишварҳо, коршиносони байналмилалӣ ва шарикони рушд ширкат варзида, масъалаҳои вобаста ба мубодилаи таҷриба, баррасии натиҷаҳо ва таҳкими ҳамгироии оид ба баробарии гендерӣ, стратегияҳо ва нақшаҳои миллии амал оид ба гуногунии биологӣ (NBSAP)-ро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни семинар иштирокчиён доир ба идоракунии гендерӣ дар соҳаи гуногунии биологӣ, механизмҳои маблағгузории гендерӣ, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ COP17, инчунин роҳҳои татбиқи Чаҳорчӯбаи ҷаҳонии гуногунии биологии Кунмин–Монреалро муҳокима намуда, дастовардҳо, таҷриба ва имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минбаъдаро пешниҳод намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои кишварро, аз қабили таҳияи "Харитаи роҳ оид ба татбиқи Нақшаи ҷаҳонии амал оид ба гендер", таъсиси "Платформаи миллии рақамӣ барои мониторинг", баргузории чорабиниҳои иттилоотию омӯзишӣ ва инчунин "Конфронси якуми миллӣ оид ба баробарии гендерӣ ва гуногунии биологӣ" муаррифӣ намуданд.
Яке аз бахшҳои ҷолиби барнома сафари саҳроӣ ба минтақаи ҷангалзори Шоҳигарии Таиланд буд, ки дар он иштирокчиён бо таҷрибаи амалии идоракунии устувори ҷангалзорҳо, барқарорсозии экосистемаҳо ва ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ ба ҳифзи гуногунии биологӣ шинос шуданд. Ин боздид барои мубодилаи таҷриба бо намояндагони кишварҳои гуногун ва омӯзиши таҷрибаҳои муваффақ дар соҳаи ҳифзи гуногунии биологӣ имконияти арзишмандро фароҳам овард.
Семинари мазкур баҳри таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, мубодилаи дониш ва муаррифии таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҳамгироии баробарии гендерӣ ба ҳифзи гуногунии биологӣ равона гардида буд.