Бо мақсади иҷрои талаботи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ маърӯзаи пурмуҳтаво доир ба масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия пешниҳод гардида, иштирокчиён дар фазои озод табодули афкор намуданд. Ҳамзамон, пас аз анҷоми маърӯза ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дода шуданд.
Дар рафти чорабинӣ масъулини мақомот ба иштирокчиён дар бораи моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» маълумот дода, инчунин роҳҳои пешгирии коррупсия, тағйиру иловаҳои воридшуда ба қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмурӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки роҳбарият ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари фаъолияти касбӣ ба масъалаҳои пешгирии коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро роҳандозӣ менамоянд. Ин масъала таҳти назорати доимии роҳбарияти Кумита қарор дошта, дар ҳамаи маҷлисҳои назоратӣ пайваста баррасӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.