Рӯзҳои 18 то 20 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво боқӣ монда, ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳои водибуда то 42+47° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ то 35+40° гарм ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то 40+42° гарм мешавад.
Инчунин бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ дошта пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Санаи 21-22 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ш. Душанбе, бо сабаби омилҳои метеорологӣ (хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу-ғарбӣ ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон то 10мкр. (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон то 2,5мкр. (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро андешанд.