14 июли соли ҷорӣ Ҷаласаи ҳамоҳангсозии намояндагони Марказҳои Орхуси Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Тиллоӣ Гулрухсор ва сардори Департаменти иқтисодию экологии Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе хонум Каролин Апхэм иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сипас ҳар як намояндаи Марказҳои Орхуси Тоҷикистон оид ба фаъолияти барномаҳои лоиҳавӣ, ки дар солҳои 2025 ва 3 моҳи соли 2026 амалӣ гаштаанд, ба тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод намуданд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳои намояндагони Марказҳои Орхус муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Тиллоӣ Г. ва хонум Апхэм К. тавсияҳои худро ҷиҳати таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2027 оид ба ҷоннок намудани амалигардонии ҳадафҳои Конвенсияи Орхус ва татбиқи як қатор Барномаҳои давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист баён доштанд.