Дар доираи Барномаи Фонди глобалии экологӣ дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-тренингҳо баргузор гардид,ки дар он масъалаҳои таҷдиди “Стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳияи Ҳисоботи ҳафтуми миллӣ” мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Семинар-тренингҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд баргузор гардида, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроия, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар рафти семинарҳо иштирокчиён бо чаҳорчӯбаи Конвенсияи Кунмин-Монреал дар соҳаи гуногунии биологӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ шинос шуда, масъалаҳои зеринро баррасӣ карданд:
Натиҷаҳои семинарҳо дар раванди таҷдиди Стратегия ва нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва таҳияи Ҳисоботи ҳафтуми миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд.
Барнома аз ҷониби Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ гардида, бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.