Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 15 то 18 июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, ҳарорати рӯзона дар ноҳияҳои водибуда то 41+46° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ то 33+38° гарм ва дар ноҳияи Дарвози ВМКБ то 39+41° гарм мешавад.
Инчунин бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғду ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти пиряхӣ дошта пешгӯӣ мешавад.
Дар робита ба баланд шудани ҳарорати ҳаво, дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об дар назар аст.
ПЕШГӮИИ ОБУ ҲАВО БАРОИ РӮЗҲОИ аз 15 то 18 июли соли 2026
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН – ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 24+29º гарм, рӯзона 41+46º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм мешавад.
ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД – ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 26+31º гарм мешавад.
ДАР НОҲИЯҲОИ ТОБЕЪИ ҶУМҲУРӢ – ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 23+28º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 33+38º гарм мешавад.
ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН – ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 24+26º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 39+41º гарм, дар шарқи вилоят шабона 6+11º гарм, рӯзона 20+25º гарм мешавад.